Олмон ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” тақдим намуд

Олмон ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” тақдим намуд
Сентябр 10
13:16 2021

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 шаби 9 сентябри соли равон аз ҷониби кишвари Олмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон  100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” ворид гардид.

Маросими расмии супоридани ваксинаҳои мазкур  имрӯз,  10 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни мулоқот бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ҷиҳати таҳвили ваксинаи “AstraZeneca” ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре зикр гардид, ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134