Имрӯз, 18 ноябри соли равон дар Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони марказҳои матбуотии вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат дар доираи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ барои журналистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID-19” оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки то имрӯз тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи мазкур дар вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуд, ки дар он ба рӯзноманигорон доир ба мавзӯи мазкур маълумотҳои муҳим ва саривақтӣ пешниҳод карда шуд.
Дар оғози тренинги омӯзишӣ муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Холиқзода, сардори Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, Раиси Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунов, мутахассисони соҳа, тренерон ва намояндагони марказҳои матбуотии вазорату идора ва кумитаҳо иштирок намуданд.
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи тренинги омӯзишӣ доир ба нақши рӯзноманигорон дар давраи пандемияи COVID-19, вазъи сирояти коронавирус ва маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории мазкур дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Тавре зикр гардид, нақши ВАО дар пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур басо муҳим ва назаррас мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни тренинги омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорони варзида ба иштирокчиён доир ба “Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID-19” маърӯзаҳо пешниҳод карда хоҳад шуд.