Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид
Март 29
09:54 2022

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, кумитаҳои мамлакат ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ соли 2015 «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2017 «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»-ро таҳия ва тасдиқ намуда, айни замон татбиқи он дар мактабҳои пилотӣ давом дорад. Ҳамзамон, лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027” таҳия гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор айни замон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст.

Ҳамзамон, «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 50 мактабҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ гардид, ки инфрасохтор ва заминаи моддӣ-техникии ошхонаҳои мактабӣ беҳтар гардида, шаклҳои (моделҳои) самараноки ташкили ғизои мактабӣ дар мактабҳои мамлакат ҷорӣ гардида, сатҳи дониши кормандоне, ки дар ташкили ғизои мактабӣ иштирок мекунанд, баланд гардид ва нақши волидайн дар ташкили ғизои мактабӣ дар беҳтар намудани гуногунии ғизо мусоидат намуд.

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни мавзуъи мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 622
  • 1,242
  • 949,642