Суғд: Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби муовини вазир

Суғд: Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби муовини вазир
Июн 18
12:19 2022

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд имрӯз, 18 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода қабули сайёри шаҳрвандонро доир намуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории қабули сайёри шаҳрвандон-ин пеш аз ҳама суҳбати озоду ошкоро анҷом додан бо шаҳрвандон ва расидагӣ намудан ба масъалаву мушкилоти онҳо доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  мебошад.

Абдухолиқ Амирзода бевосита шаҳрвандонро қабул ва бо онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, баъд аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои табибони кишвар имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустӣ шароит ва имконоти мусоид муҳайё карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 993
  • 1,242
  • 950,013