Август 18
08:25
2022
Бахшида ба 18 август-Рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва ҳамзамон санаи таваллуди табиби ҳозиқ ва ҳакими шинохта Абӯалӣ ибни Сино субҳи имрӯз дар пояи муҷассамаи ин табиби машҳури давру замон, ки дар назди бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки рӯ ба рӯи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–“Шифобахш” ҷойгир аст, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчамбар гузошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамзамон имрӯз соати 16:00 низ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва санаи таваллуди табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садириддин Айнӣ ҳамоиши идона баргузор мегардад.