Ба роҳ мондани усули нави ҷарроҳӣ дар “Шифобахш”

Ба роҳ мондани усули нави ҷарроҳӣ дар “Шифобахш”
Декабр 29
17:50 2022

Ба роҳ мондани хизматрасонии босифати тиббӣ дар заминаи ҷорӣ намудани усулҳои ҷарроҳиҳои хурду бузург дар дохили кишвар ва таъмини сиҳатии сокинон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Чанде қабл дар шӯъбаи ҷарроҳии навзодони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш”  ҷарроҳии нави аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ” бомуваффақият гузаронида шуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандози гардидани чунин услули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хубе ҳосил намуданд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, чунин услули ҷарроҳии нав ягона дасторвади шӯъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир якчанд навъи ҷарроҳиро низ табибони шуъбаи мазкур ба роҳ мондаанд, ки дар самти таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст. Наздикони тифли ба тозагӣ ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва аз малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ зоҳир  менамоянд.

Мутахассисони шуъбаи мазкур таъкид мекунанд, ки айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст. “Бо таҷрибаи ҳосилшуда кушиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбад низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- изҳор медоранд табибони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952