Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Табрикоти  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии кормандони  соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Январ 25
11:53 2023

Ҳамкасбони муҳтарам!

Иҷозат фармоед пеш аз ҳама Шуморо бо Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 25 январ қайд карда мешавад, табрик намоям. Аз номи худам ва ҳайати мушовараи вазорат дар шахсияти Шумо кулли кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарон, мутахассисон ва коргарони ташкилоту муасисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо Рӯзи касбиашон самимона муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату умри бобаракат ва дар корҳоятон муваффақиятҳо орзумандам.

Сараввал изҳор менамоям, ки масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳо ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин гурӯҳҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд. Чунончи, дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бори дигар изҳор намуданд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз ва андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳамчунин  нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия карда шаванд. Зиёдшавии дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, 24 январи соли равон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ба масъалаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуданд. Ҳамзамон, вазифагузорӣ намуданд, ки вобаста ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир, ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба маъюбият ва дастгирии  иҷтимоии ниёзмандон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ифода ёфта, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро муҳайё хоҳад кард.  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтию босамари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам беҳтар ва доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фарогирифташуда ба маротиб афзуда истодааст, ки ин далели фаъолияти пурсамари Шумо ва меҳнати софдилонаи кормандони соҳавӣ ба шумор рафта, ҳамзамон боиси эътимоди рузафзуни ниёзмандон ба хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ гардидааст.

Дар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ ва хусусан, дар соли сипаригардида дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон  дастовардҳои назаррасе ба даст оварда шудаанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар пешрафти соҳа ва амалӣ гардидани мақсаду мароми вазорат саҳми шарикон оид ба рушд, созмонҳои байналхалқию ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Чӣ дар заминаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чӣ дар самти анҷом додани корҳои амалии соҳавӣ, ба монанди расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ташкили хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон ташкилоту муассисаҳо ва кормандони иҷтимоӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд. Ҳамин дастоварду натиҷаҳои босамари фаъолияти кормандони соҳа ва дигар ашхосе ки дар рушду нумӯъи соҳа саҳм гузоштаанд, ба эътибор гирифта, роҳбарияти вазорат имрӯз ба ҳамаи Шумо изҳори миннатдорӣ менамояд.

Минбаъд низ, мо дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоии онҳо беш аз пеш камари ҳиммат баста, тадбирҳои заруриро анҷом хоҳем дод. Ман боварии комил дорам, ки кормандони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ  бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти ватани азизамон ҳама якҷоя кушиш ба харҷ медиҳем.

Бори дигар Иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак бошад!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 995
  • 1,242
  • 950,015