Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия  Михаил Албертович Мурашко
Март 02
15:34 2023

Имрӯз, 2 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко, ки дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, вохурӣ намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат Михаил Албертович Мурашкоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Махсусан, Ҷамолиддин Абдуллозода ба вазири тандурустии Федератсияи Россия барои расонидани кӯмак дар давраи пандемияи COVID-19 ба соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии амиқи хешро баҳри густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.

Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735