Алергияи пӯст ва омилҳои паҳншавии он дар фасли баҳор

Алергияи пӯст ва омилҳои паҳншавии он дар фасли баҳор
Март 13
10:01 2023
Бо фарорасии фасли баҳор, табиат аз хоб бедор мешавад, муғчаи дарахтон, сабзидани майсаҳо, гулу растаниҳо ва эҳъёи табиат ба руҳияи инсон низ таъсири мусбӣ мерасонад. Дар ҳоле ки аксариати мардум эҳсоси хушҳолӣ доранд, вале барои афроде, ки аз сабаби аллергия азоб мекашанд, фасли баҳор боиси нороҳатист.
Тибқи омор, 85% беморони аллергӣ дар ин вақт аз авҷгирии шадид азоб мекашанд.
Маъмулан иммунитети заиф ва ирсияти заиф хатари авҷгирии аллергияро зиёд мекунад. Агар волидайн аллергия дошта бошанд, пас эҳтимол дорад, ки кӯдак низ ба онҳо гирифтор шавад. Илова бар ин, дар фасли баҳор мо бештар ба шамолхӯрӣ дучор мешавем, иммунитет паст мешавад ва хатари аксуламали ногувор зиёд мешавад.
Сабаби хурӯҷи аллергия дар фасли баҳор?
Дар фасли баҳор бинобар зиёд шудани консентратсияи аллергенҳои эҳтимолӣ дар ҳаво боиси шиддат ёфтани аллергия мегардад.
Аллергияи ҳануз пеш аз мавсими гулкунӣ ва споратсия оғоз меёбад, зеро аллергенҳо дар хоки намноки аз барф обшуда, баргҳо ва алафҳои хушкида пайдо мешаванд.
Аллергия
Аллерги́я (юн.-қад. ἄλλος — дигар, ғайр, бегона + ἔργον — таъсир) — ҳассосияти ғайриоди (баланд)-и организм, ки дар натиҷаи таъсири баъзе омилҳои муҳит, масалан, моддаҳои химиявӣ, микробҳо ва маҳсули фаъолияти ҳаёти онҳо, хӯрокворӣ, дору ва ғайра (онҳоро аллерген меноманд) ба вуҷуд меояд.
Нишонаҳои (симптомҳои) аллергия метавонанд дар ҷойҳои гуногуни организм пайдо шаванд, шояд аз чанд дақиқа то чанд соат давом кунанд ва аз ҷиҳати дараҷаи вазнинӣ хеле гуногун мебошанд.
Аллергия метавонад аз таъсири пашми баъзе намудҳои ҳайвонот, маводҳои хӯроквории гуногун, чангу ғубор, доруҳо, маводҳои кимиёвӣ, газидани ҳашаротҳо, гарди гулҳо ва аз таъсири офтоб низ пайдо шавад.
Маводҳое ки боиси пайдошавии аллергия мегарданд, аллергенҳо номида мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо аксуламалҳои аллергӣ чунон сабук мегузаранд, ки ҳатто бемор умуман намефаҳмад, ки аллергия дорад.
Аммо дар баъзе маврид аллергия метавонад, баръакс аз ҳад зиёд хатарнок ва ҳатто барои ҳаёт таҳдидкунанда низ бошад. Барои афроде, ки гирифтори аллергия ҳастанд, шояд садамоти анафилактикӣ пайдо шавад, ки ҳолати вазнини патологӣ мебошад ва бо аксуламали аз ҳад зиёд шадиди организм бо аллерген алоқаманд мебошад. Садамоти (шоки) анафиалактӣ метавонад аз сабаби аллергенҳои гуногун, аз қабили маводҳои доруворӣ, газидани ҳашаротҳо, маводҳои хӯрокворӣ, пайдо шавад. Садамоти анафилактӣ инчунин метавонад аз сабаби ба пӯст расидани аллерген, масалан бо латекс, пайдо шавад.
Нишонаҳои (симптомҳои) аллергия
Аксуламали аллергӣ метавонад дар ҷойҳои гуногуни бадан пайдо шавад, аммо нишонаҳои он метавонанд аз якчанд дақиқа то ба якчанд рӯз мушоҳида карда шаванд.
— Роҳҳои болоии нафаскашӣ: вараҷаи хасбедагӣ (сенная лихорадка), астма;
— чашмони сурхшуда ва обрав;
— дард ва илтиҳоби буғумҳо;
— сӯзгиёҳ (газна/крапивница), шукуфа (экзема);
— шикамравӣ, қайкунӣ, исҳол (дарунравӣ).
Саглес бемории паҳншудаи бешу ками дар пўст дамидани ғузаобилаҳои хоришкунанда буда, худ ифодакунандаи варами маҳдуди пўст, асосан қабати пистоншакли он мебошад.
Яке аз намудҳои саглес ин варами Квинке мебошад, ки дар он варам ба пардаҳои луобӣ, қабати аслӣ ё худ қабати чарбии пўст паҳн мешавад. Саглес ба гурўҳи нейродерматозҳо тааллуқ дошта, ба он нейродермит, дардхориш ва хориши пўст дохил мешаванд. Хурӯҷи саглес мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар афзоиш буда, бештар дар ҷавонони қобиляти корӣ дошта мушоҳида мешавад. Тақрибан 15-20 % одамон дар ҳаёти худ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.
Саглес, аз ҷумла варамии Квинке, дар одамони ҳамаи синнусол вомехўрад. Аксаран занҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки ин ба хусусияти системаи асаб ва эндокринӣ вобастагӣ дорад. Аз рўи маълумотҳои муаллифони гуногун дар 25-56 % ҳодисаҳои бемории саглес аллергияи ирсӣ дида мешавад.
Қубо- бемории музмини – такроршавандаи пўст буда, ба он газаки серозї ва полиморфизми ќалбакӣ хос аст.
Бори аввал соли 1808 олими англис Уиллен қуборо ҳамчун бемории алоҳида ҷудо кардааст.
Зукоми аллергӣ (мутахассисон ин ҳолатро ринит меноманд) ё вараҷаи хасбедагӣ (сенная лихорадка) дар аксар мавридҳ меросӣ (авлодӣ) аст. Одамоне ки дигар намуди бемориҳои аллергӣ, масалан астмаи бронхиалӣ ё шукуфа (экзема) доранд, дар аксар мавридҳо аз зукоми аллергӣ низ азият мекашанд. Ҳангоми гирифторшавӣ ба зукоми аллергӣ шояд нишонаҳои зерин пайдо шаванд: хориш дар чашмон, дар гулӯ, дар бинӣ ва дар ком, атсазанӣ ва инчунин маҳкамшавии бинӣ, обравӣ аз чашмон, обравии луобӣ аз бинӣ, конъюнктивит (сурхшавӣ ва дарди чашмон). Дар ҳолатҳои вазнин зуккоми аллергӣ метавонад хурӯҷи астма (дар одамоне ки аз астма азият мекашанд) ва ё шукуфаро (экземаро) ба бор орад.
Агар тамоми маҷмӯъи (комплекси) чорабиниҳо, аз қабили барпо кардани муҳити гипоаллергенӣ, гузаронидани табобати махсус то гулшукуфӣ ва табобати симптоматикӣ дар аснои гулшукуфӣ гузаронида шаванд, худи ин бемориро бартараф ё сабук кардан мумкин аст.
Агар дар шумо ё фарзанди шумо ягон барангезандаи аксуламали аллергӣ пайдо шуда бошад, пас шумо бояд доруи антигистаминии (супрастин, тавегил ва ғайра)-ро аз рӯи воягузории синусолӣ қабул кунед ва бетаъхир ба духтур муроҷиат намоед. Агар хурӯҷи ҳолати барои ҳаёт таҳдидкунанда, аз қабили хурӯҷи астмаи бронхиалӣ (ки бори аввал пайдо шудааст) ё омоси Квинкеро шубҳа карда бошед – ёрии таъҷилиро даъват намоед. Агар дар шумо ё дар фарзанди шумо ташхиси астмаи бронхиалӣ гузошта шуда бошад, ҳангоми пайдо шудани хурӯҷи он ба таври ҷиддӣ аз рӯи тавсияҳои духтур амал кунед. Дар табобати доругии ҳолатҳои вазнини аллергӣ доруҳои антигистаминӣ, глюкокортистероидҳо, бронхолитикҳо, энергосорбентҳо ва ғайра истифода бурда мешаванд. Вобаста ба вазнинии раванду гузариши беморӣ табиби соҳавӣ муолиҷаи заруриро интихоб мекунад.
Саломат бошед!
Шокирова У.С.
мудири шуъбаи бемориҳои пӯсти хурдсолони МД
“Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 544
  • 1,242
  • 949,564