Имрӯз, 25 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Тадқиқоти илмӣ оид ба таҳлили омилҳои хатари ба бемориҳои ғайрисироятӣ алоқаманд, дар доираи “SТЕРS- 2023” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, шарикон оид ба рушд ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Ғафур Муҳсинзода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бемориҳои ғайрисироятӣ сабаби асосии марги бармаҳал ва бемориҳо дар минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDG) ҳадафи 3.4 то соли 2030 аз се як ҳиссаи коҳиш додани марги бармаҳал аз бемориҳои сироятӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки айни ҳол дар кишвар «Стратегияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо ва ҷароҳатҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» амалӣ гардида истодааст.
Мақсади Стратегияи мазкур таҳия ва татбиқи низоми фаъол ва муассири ҳамкориҳои байнисоҳавӣ мебошад, ки нақши пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва ҷароҳатҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мегирад.
Дар идомаи конфронс як қатор иштирокчиён низ доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мазкур баромад намуданд.