Мизи мудаввар дар мавзӯи сил ва ВНМО дар Парлумони Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи сил ва ВНМО дар Парлумони Тоҷикистон
Май 05
10:45 2023
Дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Бемории сил ва ВНМО” баргузор гардид.
 Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти мубориза бо бемории силу ВНМО фаъолияткунанда иштирок намуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода зикр намуд, ки мубориза бо бемории силу ВНМО ва дастгирии шахсони аз ин беморӣ осебдида дар таваҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Рустам Нуров, Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” дар мавзуи Ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баромад намуда, аз бурду бохтҳои соҳа дар давоми солҳои татбиқи барнома ёдовар шуд.
Сафаралӣ Наимов, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҳамчун шахси шифоёфта аз бемории сил баён дошт, ки хурдтарин таваҷҷӯҳ ба ин беморӣ муҳим буда, нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон дар роҳандозии муборизаҳои зиддисилӣ ва самаранокии муҳим аст. Инчунин зикр гардид, ки ин нахустин баррасиии бемориҳои сил ва ВНМО дар Парлумон набуда, соли 2017 низ бо ташаббуси Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” бемориҳо сил ва ВНМО дар Парлумон баррасӣ гардида буд.
Сипас, Пӯлод Ҷамолов, директори ташкилоти ҷамъиятии “Спин Плюс” ҷанбаҳои ҳуқуқии вазъи шахсони аз сил осебдидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Наргис Саидова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Имкониятҳои баробар” дар масъалаҳои вобаста ба ВНМО фикру андешаҳои худро баён намуд.
Дар анҷоми мизи мудавввар байни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 979
  • 1,242
  • 949,999