Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон

Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон
Август 18
20:48 2023

Санаи 18 августи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ-“Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, намояндаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, роҳбари намояндагии созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат дар саҳни донишгоҳи мазкур маросими  гулчамбаргузорӣ дар назди  муҷассамаи  Абӯалӣ ибни Сино  баргузор  гашт.

Чорабинии бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли табибони мамлакатро бахшида ба иди касбиашон табрик  ва муборакбод намуда, ба ҳар кадоми онҳо сиҳатмандии комил, муваффақияту бурдборӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола дар кишвари азизамон Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, заҳмат ва талошу кушишҳои ин қишри ҷомеа, ки дар самти таъмини солимии аҳолӣ хизматҳои бемислу монанд анҷом медиҳанд, қадрдонӣ мешавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишгоҳ ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд.

Барҳақ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша ба касаливу бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд.

Ба рӯзи санаи таваллуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, яъне 18 август рост омадани Рӯзи касбии кормандони тибби Тоҷикистон рамзӣ мебошад ва дар чунин рӯзи таърихӣ таҷлил намудани иди касбии хеш кормандони соҳаи тандурустии кишварро бори дигар водор месозад, ки ворисони арзандаи ин табиби ҳозиқ бошанд ва баҳри солимии мардуми шарифи кишварамон аз пештара бештар кӯшишу талош намоянд.

Дар ҳамоиши идона ҳамзамон муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоииДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, намояндаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, роҳбари намояндагии созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бо иди касбиашон табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар кадомашон муваффақиятҳои нав ба нав орзу намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони беҳтарини соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ, нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и якҷояи вазорат ва Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сарфароз гардонида  шуданд.

Инчунин, бо Қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз 10 августи соли равон як қатор кормандони соҳа бо Ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, бо медалҳои  ҷашнии “90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон” низ  қадрдонӣ гардиданд. Ба як қатор мутахассисони соҳа низ медали “Аълочии иттифоқи касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон” дода  шуд.

Варзиш, саломатӣ, тандурустӣ қисмҳои аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд ва чун анъана бо мақсади  дар амал  татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди варзиш ва  тарбияи солимии аҳолӣ, ташвиқоти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеъа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа  якҷо бо Федератсияи футболи мамлакат  бахшида ба иди касбӣ, ҷашни 90 солагии Иттифоқи касабаи соҳа ва 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳабдаҳўми футбол байни дастаҳои табибони муассисаҳои соҳаро  баргузор намуданд.

Дар ин чорабинӣ барои ишғол намудани ҷои аввал дастаи футболбозони табибони Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоми калон ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд, ки Ҷомро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ғолибон  тақдим намуд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар манзури ҳозирин  гардонида шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин самт як қатор корҳои муҳиму назаррас ба сомон расонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки нишондодҳои асосии соҳа ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи тандурустии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,3 сол расид. Ҳоло он, ки дар соли 1990 ин нишондод ба 70,1 сол баробар буд.

Дар ин замина, гуфтан ба маврид аст, ки баҳри беҳтар гардидани шароити мусоид барои ташхису табобати шаҳрвандон давоми солҳои охир дар кишварамон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид.

Дар ин давра бунёд ва ба истифода додани садҳо биноҳҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ худ далели раднопазири онанд, ки воқеан ҳам дар  даврони  соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи тандурустӣ  дар Тоҷикистон маҳз дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба таври комил таъмин  карда шуд.

Масалан, агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло дар кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 5116 адад расидааст.

Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон дар кишвар Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад.

Яъне, қабул ва мавриди амал қарор додани даҳҳо барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ин бахши муҳим дарак медиҳанд.

Инчунин, бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ, «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 таҳти №461 тасдиқ карда шуд.

Танҳо давоми солҳои 2020, 2021, 2022 ва шаш моҳи аввали соли 2023 ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи қариб 900 миллион сомонӣ (888 миллиону 716 ҳазору 751 сомонӣ) таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ ва дору, аз қабили компютери тамографи магнитию резонансӣ (МРТ), тамографи компютерӣ (КТ), дастгоҳи рентгени рақамии беморхонавӣ ва сайёр, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, маҷмўи дастгоҳи видеоэндоскоп, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонавӣ ва сайёр, (УЗИ) стансияи тавлиди оксиген, аплификаторҳои ПЦР барои муайян намудани COVID-19, дастгоҳи анализатори КШС, дастгоҳи сабти барқии дил, (ЭКГ), дастгоҳи кашиши барқии ҷарроҳӣ, инфузомат ва перфузорҳо, катҳои функсионалии эҳёгарӣ, монитори назди кати бемор, генератори оксигендиҳӣ, пулсоксиметр ва ғайра дастрас карда шудааст.

Гуфтаҳои боло худ далели онанд, ки дар кишвар бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи хуб қарор дорад ва ин раванд минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

Чун анъана давоми 6 моҳаи аввали соли 2023 соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва рушди заминаи ҳуқуқии соҳа як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла дар ин давра зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, баҳри боз ҳам мустаҳам намудани заминаи ҳуқуқии соҳа лоиҳаҳои 2 Қонун ва 5 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, инчунин 9 лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат ирсол карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 631
  • 1,242
  • 949,651