Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт
Август 31
16:53 2023

Имрӯз, 31 августи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур чор масъала-рафти иҷрои қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №205 Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, “Вазъи таъминоти маъюбон ба маҳсулоти протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ”, “Таҳлили бемории ботулизм ва заҳролудшавиҳо (токсикоинфексия)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рафти иҷроиши «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676 тасдиқ шудааст, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба мавзӯи аввали ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи  вазорат Набиев Зоир баромад кард.

Гуфта шуд, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ мебошад. Мушкилотҳо вобаста бо ғизои носолим ба тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, алалхусус модарон ва кӯдакон аз ҷиҳати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ хеле осебпазир мебошанд.

Дар ин росто бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, таҳти №205 “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” тасдиқ гардидааст, ки қабул намудани барномаи мазкур натиҷаи пай дар пай татбиқи «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 28 феврали соли 2015, №102), «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» (аз 29 сентябри соли 2017, №456) ва фаъолияти самараноки Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ мебошад.

Ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст.

Ҳадафи Барнома аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат  ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.

Барнома аз 9 боб ва 58 банд ва Нақшаи он аз 33 банд иборат аст. Бояд қайд кард, ки “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” бо мусоидати Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP), дастгирии техникии Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Пажӯҳишгоҳи соҳавии ғизо» (Федератсияи Россия) ва як қатор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ гардида истодааст.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» фаъолият дорад, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд шомил мебошанд.

Доир ба “Вазъи таъминоти маъюбон ба маҳсулоти протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонзода маълумот дод.

Қайд гардид, ки бахши таъминоти маъюбон бо воситаҳои техники тавонбахшӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар ин соҳа ҳамчун соҳаи саноатии кишвар дар давраи барқароршавӣ ва ташаккулёбии худ қарор дорад. Бо дарназардошти он, ки дастгирии иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта ва табақаҳои дигари осебпазири аҳолӣ таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқароршавӣ ва бунёди заминаҳои рушди соҳа тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷаласаи 71-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ 25 майи соли 2018 “Дар бораи технологияи ёрирасони муосир” Қатънома қабул шуд, ки давлатҳои аъзоро дар таҳия, татбиқ ва такмил додани барномаҳои давлатӣ барои беҳтар кардани дастрасии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ба воситаҳои техники тавонбахшӣ ташвиқ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз зумраи кишварҳоест, ки ин қатъномаро қабул намуда, вобаста ба иҷрои он барномаю санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро амалӣ намуда, баҳри рушди ин соҳа чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Бо мақсади истеҳсол ва таъмин намудани маъюбони ниёзманд бо маҳсулотҳои протезию ортопедӣ (аз қабили протезу ортезҳо, пойафзоли ортопедӣ, роҳравак (ходунок), асобағал), аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар ҷумҳурии мо ягона корхонаи давлатии истеҳсолӣ ин-«Заводи протезию ортопедӣ» мебошад, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд фаъолият карда истодаанд.

Фаъолияти корхона ҳанӯз дар давраи ҶБВ (соли 1942) бо сабаби зиёд шудани маҷрӯҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе дар шакли устохонаи истеҳсолии маҳсулотҳои протезию ортопедӣ ва таъмири онҳо ташкил ёфтааст. Соли 1963 аз ҷониби давлат барои устохонаи мазкур бинои нави истеҳсолӣ сохта ба истифода дода, моҳи июли ҳамон сол ба корхонаи протезбарории Вазорати таъминоти иҷтимоӣ табдил дода мешавад. Дар он давра дар корхона 78 нафар кормандон фаъолият мекарданд. Соли 1976 Оинномаи корхона аз нав тасдиқ карда шуда, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд филиалҳои корхона таъсис дода шудаанд.

Доир ба мавзӯи сеюми ҷаласа, яъне рафти иҷроиши «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676 тасдиқ шудааст, Холмирзо Давлатов, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир баромад кард.

Дар ин замина қайд карда шуд, ки масъалаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ чун дар дигар давлатҳои аъзои Бюрои Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва умуман ҷаҳони муосир масъалаи мубрам арзёбӣ мегардад.Зеро бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, саратон, осебҳо, диабети қанд, бемориҳои музмини шушу роҳҳои нафас ва ғайраҳо яке аз сабабҳои асосии маъюбшавӣ ва фавти шаҳрвандон мебошанд.

Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, тайи солҳои охир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, дар асоси тавсияҳои Ассамблеяи кулли Созмони Милали Муттаҳид дурнамои Бюрои Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, резолютсияи Ассамблеяи кулли СММ (Ню Йорк соли 2011) ва дигар ҳуҷҷатҳои заминавӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақа яке аз аввалинҳо шуда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023»-ро таҳия намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676 тасдиқ карда шуд.

«Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» тамоми паҳлӯҳои масъалаҳои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро фаро гирифта, яке аз самтҳои асосӣ – ин коҳиш додани сатҳи омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва ҷиҳати татбиқи босамари «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» бо дарназардошти анҷом ёфтани муҳлати амалисозии як қатор барномаҳои миллӣ дар мувофиқа ва иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ дар самтҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо, саратон, эндокринологӣ ва осеббардорӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда, айни ҳол мавриди амал қарор доранд.

Доир ба “Таҳлили бемории ботулизм ва заҳролудшавиҳо (токсикоинфексия)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини сардори Хадамоти назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ Каримов С.С. маълумот дод.

Яке аз мақсадҳои асосии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беҳтар намудани ёрии тиббӣ ва кам намудани хароҷотҳои беасос мебошад. Исбот шудааст, ки ташкили назорати дурусти сироят ва роҳҳои пешгирии паҳншавии он, яке аз роҳҳои самараноки камхарҷ, паст намудани нишондиҳандаҳои беморшавӣ ва фавт мебошад. Ҳамзамон моддаи 25-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад, ки дар ҳар як муассисаи тандурустӣ Комисия оид ба сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ таъсис дода шавад ва вазифаи асосии он гузаронидани таҳлили доимии ташкили ёрии тиббӣ, фаъолияти клиникӣ ва ошкор намудани вайронкуниҳои тартиб ва стандартҳо мебошад.

Таҳлили бемории ботулизм дар давоми 3 соли охир (2021, 2022 ва 8 моҳи соли 2023) нишон медиҳад, ки бақайдгирии бемории ботулизм дар байни аҳолӣ нисбатан кам гардидааст. Агар дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 30 ҳодиса ба қайд гирифта, 118 нафар заҳролуд шуда, аз инҳо 7 нафарашон фавтида бошанд, дар соли 2022 бошад, 17 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 47 нафар сироят ёфта, 6 нафар фавтидааст, ки 1,3 маротибаро ташкил медиҳад. Дар 8 моҳи соли равон  дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 10 нафар сироят ёфта, 3 нафар ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Бояд тазакур дод, ки дар 10 соли охир ҳодисаҳои бақайдгирии бемории ботулизм аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар корхонаҳои саноати хӯрока, сехи консервабарорӣ ва аз муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ба қайд гирифта нашудааст. Ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда 100 фоиз аз истеъмоли хуришҳои консервагии дар шароти хона омода шуда мебошад.

Ҳамин тавр, баромадкунандагон доир ба дигар паҳлуҳои мавзуъҳои мазкур, аз ҷумла дастовард, мушкилот ва дурнамои онҳо низ маълумот пешниҳод намуданд, ки ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ доир ба масъалаҳои мазкур ба саволҳои роҳбарияти вазорат посух доданд.

Дар охир оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қабулҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ, омодагиҳо ба таҷлили ҷашнҳои дар пеш истода ва дигар масъалаҳо аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 646
  • 1,242
  • 949,666