СУТ Озмоишгоҳи миллии референсиро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон эътироф намуд

СУТ Озмоишгоҳи  миллии референсиро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон эътироф намуд
Сентябр 19
16:06 2023

13 сентябри соли 2023 директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода номаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Маврид ба ёдоварист, ки 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар кишвар муайян намуда буд. Бо истифода аз татбиқи нақшаи умумии  II-и Саҳми шарикӣ дар механизми таъмини омодагӣ ба пандемия барои солҳои  2018-2023, СУТ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи лозима кӯмак расониданд.

Ҳамин тавр, моҳи марти соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУТ дархост ирсол намуд, ки Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф намояд.

Тибқи баҳогузории миссияи ТУТ, ки  моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 соҳиби 96  хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи Глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфӯз эътироф гардид.

Имрӯз, 19 сентябри соли равон номаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода ба директори муассисаи мазкур Баҳодур Холназар  тақдим намуд.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дар  он кормандони касбӣ ва соҳибихтисос дар  лабораторияи муосири вирусологӣ фаъолият мекунанд. Ин озмоишгоҳ қодир аст, то тамоми  вирусҳои зукоми мавсимиро ошкор намояд.

Озмоишгоҳи миллии референсӣ дорои системаи устувори идоракунии сифат бо расмиёти ҷорӣ ва иқтидори кофӣ барои коркард ва нигоҳдории намунаҳои клиникӣ мебошад.

Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ба системаи Ҷаҳонии назорати зуком ва андешидани чораҳои зарурӣ, ки аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии СУТ оид ба зуком тавассути пешниҳоди намунаҳои клиникӣ ба Маркази ҳамкории СУТ оид ба маълумот ва таҳқиқоти зуком дар назди Пажӯҳишгоҳи Фрэнсис Крик дар Лондон ҳамоҳанг карда мешавад, саҳм мегузорад. Илова бар ин, озмоишгоҳи мазкур бо Маркази миллии зукоми шаҳри Санкт-Петербург дар заминаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зукоми ба номи А.А. Смородинсеви   Вазорати тандурустии Федератсияи Россия оид ба ошкор кардани вируси зуком тавассути РЗП (ПЦР) низ ҳамкорӣ  менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон чанде қабл Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763