Хатлон: Боздиди Ғафур Муҳсинзода аз рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои зимистонгузаронӣ

Хатлон: Боздиди Ғафур Муҳсинзода аз рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои зимистонгузаронӣ
Ноябр 23
12:52 2023

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои зимистонгузаронӣ, ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва шиносоӣ бо вазъи соҳа дар минтақа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии ин вилоят шинос шуд. Бояд гуфт, ки дар ин боздид муовини якуми вазирро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои он низ ҳамроҳӣ намуданд.

Аснои боздид номбурда бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар як қатор муассисаҳои тиббиву тандурустии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шинос гардида, ҳамзамон аз ҷараёни фаъолияти шӯъбаҳои онҳо низ дидан ба амал овард.

Қайд гардид, ки тибқи дастуру  супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодагӣ ба давраи зимистон дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд ва фаъолият дар ин самт айни ҳол бомаром идома дорад.

Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти  соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2023, №213 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ба тавсиб расида,  ситоди фаврӣ ташкил карда шудааст, ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ аҳолӣ  ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини якуми вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 953
  • 1,242
  • 949,973