Доир ба табобати бемории каҷпоии модарзодӣ семинари омӯзишӣ доир гашт

Доир ба табобати бемории каҷпоии модарзодӣ семинари омӯзишӣ доир гашт
Декабр 08
09:36 2023

7-уми декабри соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе вобаста ба табобати бемории каҷпоии модарзодӣ семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он мутахассисони ортопедӣ ва осебшиносии кишвар ва ҳамзамон мутахассиси варзидаи соҳаи мазкур аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, яке аз мушкилоти соҳаи тандурустии замони муосир-ин бемории каҷпоии модарзодӣ мебошад. Каҷпоии модарзодӣ ё ин, ки деформатсияи модарзодии эквино-аддукто-варусин пой, деформатсияи мураккабест, ки табобаташ дуру дароз ва душвор аст. Ин яке аз маъмултарин патологияҳои модарзодист, ки паҳншавии он вобаста ба минтақа аз 0,6 6,8 ба 1000 навзод вомехурад. Тибқи ҳисоботи ТУТ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 100 ҳазор кӯдак бо пои модарзодӣ таваллуд мешаванд.

Тавре дар семинари омӯзишӣ зикр гардид, этиологияи каҷпоии модарзодӣ ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст ва ба таври анъанавӣ ба якчанд назарияҳо шарҳ дода мешавад.

Назарияи механикӣ, ки қадимтарин аст, пайдоиши деформатсияро  бо таъсири механикӣ ба ҳомила ҳангоми инкишофи дохилибатни алоқаманд мекунад.

Назарияи нуқсонҳои модарзодии ҷанин пайдоиши патологияро ба вайрон шудани анлач ва таъхир дар ташаккули пой ва пойи поён дар давраи таваллуд шарҳ медиҳад.

Тибқи назарияи асабу- мушакӣ, сабаби аслии пайдоиши каҷпоии модарзодӣ дар суст инкишоф ёфтани қисмҳои дисталии ҳароммағз ва вайрон шудани иннерватсияи гурӯҳи пешберунаи мушакҳои соқ мебошад.

Татқиқоти сершумор дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки каҷпоии модарзодӣ ба раванди диспластикии бофтаи пайвасткунандаи соқ ва пойпанҷа асос меёбад, ки метавонад аз омилҳои гуногун ба вуҷуд ояд.

Имрӯзҳо чунин мешуморанд, ки ташаккули каҷпоии модарзодӣ метавонад ҳам аз таъсири беруна ба ҳомила ва ҳам сабабҳои гинетикӣ ба вуҷуд ояд, яъне он бемории гетерогенӣ бо табиати полигенетикӣ мебошад.

Дар ибтидои асри 21 усулҳои маъмултарини табобати консервативии пойҳо усули Понсети, ки аслан усули ислоҳи ғайрифаъол аст, бештар истифода мешавад.

Усули Понсети. Дар охири солҳои 1940-ум Понсети техникаи худро барои табобати консервативии пойҳо таҳия кард. Ӯ натиҷаҳои методи худро бори аввал соли 1963 нашр карда буд.

Муаллиф аз руи усули худ дар рӯзҳои 7-10 сар кардани табобат ва то синни 9-моҳа идома додани онро аз ҳама оқилона мешуморад.

Бо мақсади омӯзиши усули Понсети ва васеъ истифода бурдани он дар тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишии мазкур мутахассиси варидаи ин соҳа аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ даъват карда шуд, то ба ҳамтоёни тоҷикистонии хеш донишу таҷрибаашро омӯзонад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 906
  • 1,242
  • 949,926