Семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи дастгоҳҳои ренгении портативии DELF LIGHT & CAD4TB

Семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи дастгоҳҳои ренгении портативии DELF LIGHT & CAD4TB
Июл 25
16:18 2024

23 июли соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Истифодабарии дастгоҳҳои ренгении портативии Delft Light & CAD4TB оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки семинари омӯзишӣ аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар доираи амалисозии “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, барои мутахассисони як қатор сохторҳои тандурустӣ, аз ҷумла Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, “Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и ш.Душанбе, “Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил”, “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина”, марказҳои вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ва вилояти Суғд, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои мутахассисон, дастгоҳи ренгении портативии Delft Light & CAD4TB барои саривақт ошкор кардани бемории сил мусоидат намуда, кори табибонро осон ва хизматрасонии зиддисилиро ба аҳолӣ беҳтар менамояд.

Бояд гуфт, ки даврҳои омӯзишии дастгоҳи мазкур аз 23 июл оғоз ёфта, то 26 июли соли равон идома меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки бемории сил табобатшаванда буда, сабаби асосии паҳншавии он паст будани маълумотнокии аҳолӣ доир ба беморӣ, саривақт муроҷиат накардани беморон ба муассисаҳои табобатӣ мебошад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 527
  • 1,715
  • 988,824