Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
Август 31
15:16 2017

 

Имрӯз дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини  якуми  Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода,     кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони соҳа ширкат доштанд. Сипас ба мутахассисони фаъол мукофотҳои давлатӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки ҳамасола фаъолони ҳамаи соҳаҳо ба ифтихори солгарди  истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ баргузор мегардад. Имсол низ якчанд кормандон ва  мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҷамъомади мазкур Муҳаммад Ҷураев  бо медали “Хизмати шоиста” ва Абдукарим Шехов бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”   қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон Саъдулло Ғайбуллозода, Тахмина Давлатзода, Ҷаъфар Нозимов бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,036
  • 1,242
  • 950,056