Чораандешӣ вобаста ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кудакон»

Чораандешӣ вобаста ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кудакон»
Сентябр 05
12:03 2017

Бо мақсади татбиқи моддаи 9-и Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалие рӯи даст гирифтааст.

Маврид ба таъкид аст, ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур аз ҷумла қайд гардидааст, ки хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Бо  мақсади дар амал тадбиқ намудани талаботи қонуни мазкур ва дар сатҳи баланд бароҳ мондани он, идораҳои мухталифи ин ниҳод вазифадор гардидаанд.  Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кудаконро тартиб додааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон» дар фармоиши худ пешбинӣ намудааст, ки  сардорони раёсатҳои ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила, ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир,   сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе,   ректорони муассисаҳои давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ», директорони муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон», муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва роҳбарони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки воридсозии «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон»-ро дар амалияи муассисаҳои тиббию профилактикӣ ва барномаҳои таълимии пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои ҷарроҳии кӯдаконаи муассисаҳои таълимии тиббӣтаъмин намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   вобаста ба тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон инчунин    пешбинӣ намудааст, ки   мутобиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатнаи писарони синни 0-20 руза бо розигии падару модар дар муассисаҳои давлатии тиббии дахлдор бо кушодани таърихи беморӣ аз ҷониби ҷарроҳ, урологи кӯдакона зери беҳисгардонии мавқеӣ дар заминаи пешдармонии инфиродӣ ба таври ройгон ба кӯдакони солим гузаронида мешавад. Инчунин пеш аз амалиёти хатна писарони навзод ҳатман аз машварати неонатолог гузаронида мешаванд, амалиёти хатна ба писарони солими синни аз 20-руза боло дар муассисаҳои давлатии тиббӣ тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

Дар ин росто ҳамзамон гузаронидани амалиёти хатнаи писарон дар ҳолати ҷой доштани ғайринишондодҳо, усулҳои оддии амалиёти хатна, хислатҳоимусбии хатнаи писарон ва ғайра ба тариқи муфассал пешниҳод гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 974
  • 1,242
  • 949,994