Ҷаласаи корӣ дар Кӯлоб

Декабр 06
13:35 2017

Дар толори конфронсии меҳмонхонаи “Чанор”-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи кории менеҷерон ва директорони марказҳои солимии репродуктивӣ оиди ҳамбастагии барномаҳои амудӣ ба хизматрасониҳои тибби оилавӣ доир гашт, ки дар кори он менеҷерони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, директорони марказҳои тибби оилавӣ ва директорони марказҳои солими репродуктивии вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар рафти семинар- машварат масъулони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Н. Раҳимова намояндаи Хазинаи Нуфуси Аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ҷонова Б.-сардори шӯъбаи бизнесбанақшагирӣ ва таҳлили рушди тибби оилавии муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявӣ таълимию клиники тибби оилавӣ, Ғанизода М.Х, – директори Муассисаи давлатии Маркази миллии солими репродуктивӣ, Қурбоналиев А.–директори муассисаи давлати “Ташхисгоҳи генетикӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласаи корӣ дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, дастовардҳо ва мушкилотҳо оиди амалинамоии Нақшаи Стратегии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079