Таҳаммулпазирӣ – падидаи ҷаҳони нав

Январ 11
07:11 2018

Бибивахӣ Мирбобоева –

мудири бахши омўзиши масъалаҳои

мактабҳои камнуфуси Пажўҳишгоҳи

рушди маорифи Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон

Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо назардошти таъсири раванди ҷаҳонишавии илму техника, фарҳангу маданият, урфу одат ба омўзишу парвариш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани он чораҳои зиёде меандешад. Такмили низоми таълиму тарбия яке аз ин самтҳое мебошад, ки ҳар сол бо дастгирии Ҳукумати кишвар маблағгузорӣ мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояш таъкид намудааст, ки тарбия ва такмили ахлоқу маънавият дар ҳама давру замонҳо бар дўши волидон вогузор мегардад.Зеро бо кумак ва дастгирии волидон сатҳи донишандўзӣ, одобу рафтор арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, садоқат ба ватану миллат ва худшиносию худогоҳи миллӣ, эҳтиром ва меҳру муҳаббат нисбат ба волидон, атрофиён ва ҷамъият дар зеҳни фарзандон парвариш меёбад.

Бинобар ин, дар шароити замони муосир дар ҳаёти наврасон ва ҷавонон он камбудиҳо ва бемуваффақиятиҳое, ки амал меоянд, ҷавобгарии асосии онҳо бар дўши оила ва мактаб вогузор мегардад.

Имрўз масъалаи бўҳрони оилавӣ боиси нигаронии амиқи доираҳои мухталифи ҷаҳони муосир гардидааст. Бўҳрон онро нишон медиҳад, ки оила вазифаи асосии худро, ки тарбияи кўдакон мебошад, аз ҳама бад иҷро менамояд.

Ташаккули маърифати муносибати миллӣ ва таҳаммулпазирӣ аз оила оғоз мегардад. Дар оила кўдакон дар бораи забони модарӣ, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои мардум нахустин тасаввуротро ҳосил мекунанд. Аз волидонашон онҳо дар бораи дигар халқу миллатҳо, хусусиятҳои фарқкунандаи миллии онҳо, забон, фарҳанг ва тарзи зиндагии онҳо иттилоъ мегиранд. Дар оилаҳои гуногунмиллат кўдакон аввалин намунаҳои муносибати байниҳамдигарии намояндагони миллатҳои гуногунро дарк менамоянд. Напазируфтани одамони миллати дигар, фарҳангу оин ва тарзи зиндагии онҳо нуқси маънавии шахсият мебошад, ки дар заминаи тарбияи нодуруст шакл гирифта, маҳз аз оила ва муҳити носолими хонаводагӣ сарчашма мегирад.

Тарбияи фарзанд кори волидон аст. Онҳо вазифадоранд, ки то охири умр ба кўдакон роҳи камолоти маънавӣ ва ҳаёти равшанро нишон диҳанд, аммо дар байни волидон кам касоне вомехўранд, ки худашон қодиранд ба тарбияи дурусти фарзандон машғул бошанд. Дар ин маврид барои тарбияи фарзандон фурсат ҷудо кардани волидоне, ки тамоми вақти худро ба кор ё шуғли дўстдоштаашон бахшидаанд, ба масъалаи хеле муҳим табдил меёбад. Волидайн аз реҷаи фаъоли зиндагии худ барои тарбияи кўдаконашон ҳар кадар бештар вақт ҷудо кунанд, самараи он ҳамон қадар бештар мегардад. Барои ин кайҳо боз ин тартибот амалӣ гашта, кўдакони бисёр оилаҳо барои омўзиш шахсиятҳоеро интихоб менамоянд, ки онҳо соҳиби дониши мукаммал ва рафтори ҷиддиянд. Ин мураббиёни айёми камолотро одатан устод ё муаллим меноманд. Дар ин ҷо ишора ба он карда шудааст, ки Я. А Каменский омўзгоронро баъд аз волидон дар ҷои дуюм мегузорад. Аз ин бояд чунин хулоса баровард, ки нақши асосиро дар тарбияи кўдакон асосан волидон мебозанд. Воситаи асосии тарбия дар оила рафтори намунавии волидон мебошад, ки ба ақидаи Я.А Коменский «Оила- сарчашмаи муҳими тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ ба ҳисоб меравад»

Тарбияи оилавӣ яке аз самтҳои муҳими ҷараёни тарбия буда,аз бисёр ҷиҳат ба фаҳмишу дониш ва фаъолияти пурсамари падару модарон сахт марбут аст. Дар ин росто оила ҳамчун таҳкурсии устувор барои ҷомеаи бузурги инсонӣ шинохта шудааст. Аъзоёни оила дар инкишофи равобити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушду нумўи ин ҷомеа нақши бунёдӣ доранд. Яъне муҳити ташаккулдиҳандаи қобилияту истеъдоди инсонӣ, забон, тафаккур, ирода, шавқу ҳавас, урфу одат, ахлоқ анъана, расму ойин ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҳар он чи ки ба арзиши шуури шахсият, шуури миллӣ ва таҳаммулпазирии байниэтникӣ таъаллуқ дорад, аз рўзҳои аввали ҳаёт дар оила ташаккул ёфта, бо воситаи риояи анъанаҳои миллӣ, урфу одат, суннатҳои ниёгон ва баъди дохил шудан ба мактаб ба фаъолияти одамон ислоҳот ворид намуда, дар тўли ҳаёташон нигоҳ дошта мешаванд.

Бояд ба ҳисоб гирифт, ки маърифатнокӣ, донистагирии олами зист аз ҷониби кўдакон ва калонсолон ба куллӣ фарқ мекунад. Мо калонсолон оламро бо ақлу заковат, фарҳангу фаросати худ дониста мегирем. Хурдсолон баръакс, аввал бо ҳиссиёт дода шуда, баъд ба олами атроф бо таври ҳақиқӣ нигоҳ мекунанд. Яъне оламро бо таври эмотсионалӣ – ҳиссӣ дарк намуда (тез ба ваҷд омадан, хурсанд шудан ва ё баръакс, хашмгин ва ё хушҳол гардидан), сипас бо мадади калонсолон муносибати ҳақиқии худро муайян месозанд.

Тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба арзишҳои маънавию ахлоқии мардум таъсир мерасонанд. Бинобар ин, зарур аст, ки кўдак мактаби бузурги тарбияи ахлоқиро гузарад, ақида, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, сифатҳои ақлию зеҳнии худро такмилу ташаккул диҳад. Вазъи имрўзаи ҳаёти ҷомеа онро тақозо дорад, ки волидон ба тарбия, таълим ва инкишофи шахсияти кўдакони хеш бо диди нав, муносибати нав, андешаю афкори нав чун фарди соҳибҳуқуқ ва мустақили ҷомеа назар андўзанд.

Барои инкишофи таҳаммулпазирии байниэтникӣ волидон, мураббиён ва омўзгорон, ки тарбияи кўдакон аз рўзҳои аввали ҳаёт ба зиммаи онҳо гузошта мешавад, бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Барои гуногунмазмун ва бонизом ба нақша гирифтани кори марбут ба ташаккул додани таҳаммулпазирӣ дар хонандагони синни хурди мактабӣ ва одат кунонидани волидон ба корҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, ки қобилияти таҳаммулпазириро ташаккул медиҳад, корҳои зайлро анҷом бояд дод:

-ба кўдакон додани дониш оид ба фарҳангу таърих, анъана ва расму ойинҳо , забон ва тарзи ҳаёти миллатҳои гуногун.

-дар кўдакон ба вуҷуд овардани қобилияти ҳиссиёти мусбат, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ва муносибати накўхоҳона ба намояндагони миллатҳои дигар.

-имконияти дар хонандагони синни хурди мактабӣ инкишоф додани малакаҳои муносибат намудан бо одамони миллатҳои дигар ва моҳирона истифода бурдани он дар фаъолияти амалии хеш.

Мо имрўз дар чунин даврони тараққиёти ҷамъияти худ қарор дорем, ки фарҳанги педагогии тамоми аҳолӣ, хусусан волидон муштарак аст, яъне адо кардани қарзи шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа – тарбияи насли навраси ояндаи чомеа мебошад. Бинобар ин, пеш аз ҳама зарур аст, ки барои баланд бардоштани маърифати педагогии волидон ғамхорӣ зоҳир намоем.

Мақсади ягонаи муттаҳид шудани омўзгорон ва ҳам волидон омўзиш ва парвариши кўдакон мебошад. Муваффақият ба ҳар роҳе ба даст ояд ҳам, натиҷаҳои он имконият медиҳад, ки ҳамдигарфаҳмии байни оила ва мактабро барқарор намояд.

Чӣ тавре, ки А.С. Макаренко қайд мекунад: «хуб аст, агар волидон фаъол, ҳамеша дар робита, ғамхор, барои ояндаи фарзандони худ дар талош бошанд ва омўхтани усули корҳои мактаб барои дарки иштироки онҳо дар корҳои мактаб ва синф асос шуморида шавад.

Душвор аст, модоме лозим ояд, ки волидонро боз аз нав тарбия кунӣ, барои ноил шудан ба натиҷаҳо кўшиш намо, лекин ҳеҷ гоҳ кори худро барои ҷалб намудани волидон баҳри барқарор намудани алоқа бо оилаҳои хонандагон бенатиҷа ҳисоб набояд кард».

Чӣ тавре ки оила дар ташаккули шахсияти тахаммулпазирӣ нақши пешбарандаро мебозад, шахсан намунаи ибрат будани волидон низ асоси методи ташаккули таҳаммулпазирии байниқавмӣ ба ҳисоб меравад. Пас ҳамкории роҳбари синф ва волидон имкон медиҳад, ки талошҳо барои расидан ба натичаҳои беҳтарин дар ташаккули сифати ахлоқии кўдакон, дар инкишофи шахсияти таҳаммулпазирии байниқавмӣ, дар баланд бардоштани дониши кўдакон оиди фарҳанги халқи худ ва халқҳои дигар дар болоравии сатҳи тарбияи кўдакон афзоиш ёфта, роҳи ба ягон самти эҷодӣ равона шудани фаъолияти кўдак низ муайян гардад.

Раванди ба вуҷуд омадан ва шаклгирии одату анъанаҳои миллӣ дар халқи тоҷик таърихи ба худ хос дошта он ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа алоқаманд мебошад. Аз ин рў, раванди ҷаҳонишавӣ, ки бештар ба ҳолати маънавию равонии одамон таъсир мерасонад, ба рисолати одату анъанаҳои миллӣ дар иҷро намудани вазифаи тарбия, таълим ва иҷтимоишавии насли наврас осори худро гузошта истодааст.

Замони муосир дар назди низоми маориф вазифаҳои бузургро ба миён гузошта, аз он талаб менамояд, ки барои болоравии камолоти маърифати инсон ва аз бар намудани дастовардҳои илм дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлҳои мухталифи он замина фароҳам оварад ва муносибатро ба мазмуни маълумот ҷиддитар намояд.

Агар байни роҳбари синф ва волидон муносибати боваринок мавҷуд бошад, омўзгор метавонад волидонро аз натиҷаи мушоҳидаи худ огоҳ намояд, бо ин талаботи муштараки мактаб, аҳли синф ва оилаҳоро таъмин менамояд. Хусусан чунин муносибатҳои боваринок дар кори омўзгорон бо волидон барои ташаккули таҳаммулпазирӣ дар кўдакон мусоидат мекунад.

Таҳаммулпазирӣ пеш аз ҳама ҳамчун як падидаи муҳим дар ҷаҳони муосир ҳисоб меёбад. Дар вақтҳои охир хусусан таҳдид ва зўроварӣ, терроризм, зиддиятҳои миллӣ, бегонагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои муносибати миллӣ, этникӣ, динӣ, маҳдудияти забонҳо, фирориён ва муҳоҷирони меҳнатӣ, гурўҳҳои иҷтимоие, ки дар ҷомеа на он қадар дастгирӣ меёбанд, инчунин таҳдид ва зўроварӣ нисбати шахсони алоҳидае, ки ҳуқуқҳои худро нисбати озодии ақида ва сухан амалӣ менамоянд, хеле зиёд гардидааст.Ҳамаи ин хавфи таҳдид ба таҳкими сулҳ ва озодиро дар сатҳи

миллӣ ва байналхалқӣ нишон дода, боиси монеае дар роҳи тараққиёти ҷомеа мегардад.

Қисми зиёди инсонияти солимфикр ҳамовози ташнагони сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиянд. Одамон мехоҳанд зебоиро бинанд, дўст доранд ва маҳбубиятро эҳсос намоянд, оламро шиносанд ва онро мукаммал намоянд. Барои ин сулҳ ва иттиҳоди ҳамаи одамони кураи Замин лозим аст. Барои таъмин намудани сулҳ лозим аст, ки ҳар яки мо на танҳо ба тарбияи байнинажодӣ ва таҳаммулпазирии байни миллатҳо диққати ҷиддӣ диҳем, балки ба фарҳанги халқҳои тамоми рўи Замин низ самимона мароқ зоҳир намоем.

Адабиёти истифодашуда:

1.Волков Г.Н.- “Этнопедагогика”- Москва 1999.

2.Гершунский Б.С.- “Философия образования для XXI века”- Москва

1998.

3. Джалилов А. Из истории культурной жизни предков таджикского народа и таджиков в раннем средневековье. Душанбе, Ирфон: 1973. -38 с.

4.Измаилов А.Э.- “Народная педагогика: педагогическая воззрения народов Средней Азии и Казахстан”- Москва 1991.

5.Каменский Я. А. Великая дидактика. М. :. Педагогика; 1989, 106 с.

6.Лутфуллоев М. -“Педагогикаи шафқат”, – Душанбе,1994.

7.Макаренко А.С. Книга для родителей. М. :. Педагогика; 1988, 300 с. 8.Маҷидова Б. – “Таджикские народные традиции и обычаи в

формирование нравственных качеств личности” – Душанбе, 2004.

9.Титаренко В.Я.-“Семья и формирование личности ”- Москва изд.во

“Мысль” 1992.

10. Щуркова А.Е.- “Воспитание: новый взгляд с позиции культуры”

Москва 1997.

11. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, аз.10.12.1948.

12. Эмомалӣ Раҳомн – “Патриотизм и национальное самосознание”, – Душанбе, 1999.

(Мирбобоева Б.М. «Таҳаммулпазирӣ – падидаи ҷаҳони нав». Маҷаллаи Маорифи Тоҷикистон, 2017, №4; саҳ. 23 -25.)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732