Аз муомилот бардоштани якчанд номгӯй маҳсулоти пастсифат

Аз муомилот бардоштани якчанд номгӯй маҳсулоти пастсифат
Июл 30
12:09 2018

Дар рафти як рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори муваққатии як рӯзае,  ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёде ошкор карда шудааст.

Ба иттилои Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, тибқи нақшаи кории Сарраёсати номбурда дар доираи супориши Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ  ва таъмини амнияти санитарию эпидимологӣ як рейди муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори якрузаи ҷамоати деҳоти Уялӣ гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидимиологӣ ба фуруши маҳсулоти хурока машғул шудаанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулоти гуштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ба талаботи санитарию эпидимологӣ ҷавобгуй набударо аз муомилот гирифтаанд.

Инчунин барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидимиологӣ нисбати 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин фаъолияти  9-адад иншооти хуроки умумӣ аз ҷумла 2 ошхона, 1 дукони самбусапазӣ, 4 адад нуқтаҳои тезтаёр, 2-нуқтаи фурӯши маҳсулоти гуштӣ, боздошт карда шудааст.

Мутахассисон бар онанд, ки дар оянданиз  чунин рейдҳои муштарак ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла РВК дар вилояти Хатлон   гузаронида хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 680
  • 1,242
  • 949,700