ВМКБ: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои тандурустӣ

ВМКБ: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои тандурустӣ
Январ 14
15:00 2019

Қабул гардидани барнома, нақша ва стратегияҳо оид ба соҳаи тандурустӣ, сол аз сол зиёд намудани маблағгузории соҳаи мазкур, беҳтар гардидани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дастгирии фаъолияти тибби хусусӣ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад.

Маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир соҳаи тандурустӣ дар ВМКБ дар баробари дигар минтақаҳои кишвар рушд намуда, баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ марказҳои зиёди саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, сохтмони бинои замонавии Беморхонаи бемориҳои руҳии ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, он  ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи замонавии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон, Беморхонаи минтақавии Вранг, Маркази саломатии Зонги ноҳияи Ишкошим ва Коллеҷи тиббии замонавӣ бо хобгоҳ ва толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ идома дошта, инчунин сохтмони бинои нави шуъбаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии  ВМКБ ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Айни замон корҳои таъмирӣ дар шуъбаи таваллуд ва озмоишгоҳи клиникии Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷараён дорад.

Соли 2018 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рўшон дастгоҳи муосири рентгении рақамӣ ва барои Беморхонаҳои марказии ноҳияи Роштқалъа ва Мурғоб дастгоҳҳои рентгении сайёр дастрас гардонида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732