Имрӯз, 16-уми декабри соли равон кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мамлакат мустақиман пахш гардид, тамошо намуданд.

Воқеан ҳам Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва фарогири таҳлилу баррасии тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба шумор рафта, дурнамои рушди кишварро барои як соли оянда муайян месозад.
Зимни ироаи Паёми навбатии хеш Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тавре гуфта шуд, агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд.
Яъне буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд.
-Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд,-иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
Илова бар ин, таъкид гардид, ки аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.


