Терроризм ва экстремизм-хабар барои имрӯз ва фардои ҷомеа

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди коррупсия ва экстремизму терроризм вохурӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, сардори шуъбаи муқовимат ба экстремизми Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, падпалковники миллитсия Шарифзода Хушбахт, нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Нуриддин Сайфиддин, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат, инчунин роҳбарони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз дошт, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табиии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти соҳа дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хафҳои коррупсионӣ) дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2026» тасдиқ шуда, айни ҳол мавриди амал қарор доранд.

Инчунин, таҳия ва қабули “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи якум солҳои 2021-2025”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, мавриди иҷро қарор доранд, ки муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Зимни вохурӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мазкур баромадҳои пурмуҳтаво намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа баён доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Дар як қатор таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мегардад

Гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати расонидани кумаки дастурию методӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар мегарданд

Дар шаҳри Душанбе оид ба “Роҳбарии занон дар соҳаи тандурустӣ” семинари омӯзишӣ доир гашт

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия конфронси илмию оммавӣ доир гашт

Аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба 448 нафар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа 2956 ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон гузаронида шуд

Search