Вазирони тандурустии Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Донишгоҳи тиббӣ ташриф оварданд

Имрӯз, 02-юми октябри соли равон вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Акмарал Алназарова ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек Анварович, ки барои иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дидан карданд.

Дар саҳни ин муассисаи олии таълимӣ меҳмононро роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва донишгоҳи мазкур пешвоз гирифтанд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб дар кишвар калонтарин муассисаи олии таълимии тиббӣ ба шумор меравад.

Зимни боздид меҳмонон ба Маркази симулиятсиони донишгоҳ ташриф оварда, бо раванди таҳсил ва таҷрибаи донишҷӯён шинос гашт. Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази мазкур махсусан барои фаъолияти амалии табибони оянда шароиту имкониятҳои муосир ва зарурӣ фароҳам оварда шуда, устодони ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search