Вазирони тандурустии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф оварданд

Бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ, ки 3-юми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилилии шаҳри Душанбе меҳмононро роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 7-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид ва мутобиқи Низомномаи Шӯро раисии он дар соли ҷорӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

Шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”

Ҷамолиддин Абдуллозода собиқадорони соҳаи тандурустиро хабар гирифт

Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони Маркази чинии воситаҳои технологияи ассистивӣ

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ

Муколамаи сиёсӣ оид ба таҳкими сиёсатҳо ва амалҳои бисёрсоҳавӣ барои пешбурди солимии ғизо ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон

Search