Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони Маркази чинии воситаҳои технологияи ассистивӣ

Имрӯз, 25-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони Маркази чинии воситаҳои технологияи ассистивии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохурӣ намуд.

Сараввал муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, дар ин замина қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳанӯз аз замонҳои қадим муносибатҳои худро тавассути Роҳи абрешим бо кишвари тоҷикон ба роҳ монда буд ва имрӯзҳо муносибатҳои дуҷонибаро роҳбарони олии ҳар ду кишвар тақвият бахшида, онро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ табдил додаанд.

Гуфта шуд, ки дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ аз ҷониби ду кишвар амалҳои зиёд ба иҷро расидаанд, ки омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишвари Чин дар ин самт яке аз онҳо маҳсуб меёбад.

Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки дар замони ташаккулу рушд қарор дорад, ба ҳамкориҳои соҳавӣ, махсусан дар самти харидорӣ, истеҳсол ва дастрасии технологияи ассистивӣ ба маъюбон ва дигар шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо кишварҳои минтақа, махсусан Ҷумҳурии Мардумии Чин ниёз дорад.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар самти технологияи ассистивӣ дар намунаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон” ва “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таъмин гардидаанд.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон таъминот бо технологияи ассистивӣ асосан бар души давлат буда, харидорӣ, истеҳсол ва дастрасии он аз ҷониби Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” дар шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб амалӣ мегардад. Бояд гуфт, ки соли 2023 ба таъсиси заводи мазкур 80 сол пур шуд. Аз саҳифаҳои таърих бармеояд, ки аслан тайёр намудани протезҳои қисмати поёнии андом соли 1942 дар заминаи як устохонаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда, баъдан соли 1963 дар заминаи он заводи протезию ортопедӣ таъсис дода шуд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram