Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
Вазир

Абдуллозода Ҷамолиддин  Абдулло 9-уми декабри соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро  соли 1989 онро хатм намудааст.

Аз соли 1989 то соли 1990  ба ҳайси   интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе  фаъолият намудааст.

Аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1992-1998    ҳамчун табиб- ординатори  шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Солҳои 1998-2008   дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи  клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ва солҳои 2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе  адои вазифа намудааст.

Солҳои 2002-2004 ба ҳайси ассисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2008-2014 ҳамчун профессори кафедраи мазкур, инчунин  ба ҳайси мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014  дар вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ   кор кардааст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.

Бо Медали Шафқат (соли 2009), Унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

Аз 17-уми марти соли 2017 то 5 майи соли 2020 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Тамос: 221-18-35
Рӯзҳои қабул: Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00
Муҳсинзода Ғафур Муҳсин
Муовини якуми вазир

Муҳсинзода Ғафур Муҳсин 5 майи соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои тиб.

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1981 ба ҳайси  бародари шафқати Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5-и шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

Солҳои 1984-1986 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.

Солҳои 1986-1990 ҳамчун корманди шӯъбаи ҷарроҳии рақами 5-и Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Давоми солҳои 1990-1992  ҳамчун мудири шӯъбаи ҷарроҳии №6-и Беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 5-и шаҳри Душанбе адои фазифа намудааст.

Аз соли 1992 то соли 1997 мудири шӯъбаи ҷарроҳии № 6-и Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгузар буд.

Солҳои 1997-2008  дар вазифаи Директори Маркази ҷумҳуриявии худидоракунии илмӣ-таълимӣ ва истеҳсолии ҷарроҳии барқароркунӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 2004-2006 ҳамчун Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2008 ба ҳайси мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмиллалии Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  адои вазифа намудааст.

Солҳои 2008-2018  ҳамчун Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2018 то  15 майи соли 2020 Сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  фаъолият намудааст.

Соли 1988 Лаурети мукофоти комсомолии ленинӣ ва   соли 2009 бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ мебошад.

Аз 15 июни соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Тамос: 2 21-06-73
Рӯзҳои қабул: Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00
Шодихон Ҷамшед
Муовини вазир

Шодихон Ҷамшед  22 марти соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, духтури табобатӣ ва иқтисодчӣ, номзади илмҳои тиб  мебошад.

Соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи  академик М. Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Солҳои 1985-1988 ба ҳайси духтури ҷарроҳ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда, солҳои 1988-1992 ҳамчун ҷарроҳи асаби Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1995 ҳамчун ҷарроҳи асаби беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор ва фаъолият намуда, аз соли 1995 то 2002  дар вазифаи мудири шуъбаи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳи асаби Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолияти меҳнатиашро давом додааст.

Аз соли 2002 то соли 2008 ҳамчун сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда ва солҳои 2008-2009 сардори Раёсати тандурустии ВМКБ кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи  раиси ноҳияи Шуғнон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси ВМКБ кор ва фаъолият намудааст.

Аъзои ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроияи Дастгоҳи марказии ҲХДТ мебошад.

4 маротиба вакили Маҷлиси  вакилони халқи ВМКБ (даъвати II, III, IV, V) интихоб гардидааст.

Аз соли 2013 дар ду даъват (IV ва V) узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Раиси  Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 23 ноябри соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ба унвони Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали  20-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзҳои қабул: Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00
Зулфия Абдусаматзода
Муовини вазир

Зулфия Абдусаматзода 1 декабри соли 1969 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои тиб.

Солҳои 1987-1993  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардааст.

Аз соли 1993 то 1994 аз рӯи интернатураро бо ихтисоси акушер-гинеколог дар шӯъбаи таваллуди Маркази тиббии шаҳрии №1 хатм намудааст.

Аз соли 1996 то 2003 дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба ҳайси акушер-гинеколог фаъолият намудааст.

Солҳои 2003-2006 ба ҳайси мудири шуъбаи таваллуди Маркази тиббии шаҳрии №1 кор кардааст.

Аз соли 2014 то соли 2020 ҳамчун муовини директор оид ба ёрии тиббии таваллудии Маркази тиббии шаҳрии №1 адои вазифа намудааст.

15 июни соли 2020  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.

Тамос: 221-41-07
Рӯзҳои қабул: Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00
Амирзода Абдухолиқ Амир
Муовини вазир

Амирзода Абдухолиқ Амир 27 ноябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш духтури санитарӣ, эпидемиолог мебошад.

Мавсуф солҳои 1982-1988 Донишгоҳи олии тиббии шаҳри Харкови кишвари Украинаро хатм намудааст.

Солҳои 1988-1999 дар вазифаи муовини Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон кор кардааст.

Давоми солҳои 1999-2004 ба ҳайси муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз соли 2004 то соли 2014 директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2014-2017 дар вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Аз  17 январи соли 2017 то 4 июли соли 2021 ба ҳайси директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз 5 июли соли 2021,  №280 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тамос: 221-41-08
Рӯзҳои қабул: Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00
Search