1. Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:
– мансаби холии мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ – 1 ҷой. Маош – 1862,40 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва робитаҳои байналмилалӣ.
2. Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм:
– мансаби холии сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм – 1 ҷой. Маош – 4128, 95 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олӣ ва ё олии тиббӣ, 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мансаби холии мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм – 1 ҷой. Маош – 2376, 90 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумоти олӣ ва ё олии тиббӣ, 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
3.Раёсати ташкили хизматрасониии тиббӣ ва технологияҳои муосир:
– мансаби холии муовини сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир -1 ҷой. Маош – 4794, 10 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
4. Раёсати ташкили хизматрасонҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:
– мансаби холии мутахассиси пешбари Раёсати ташкили хизматрасонҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила – 1 ҷой. Маош – 2376, 90 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасонҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила – 1 ҷой. Маош – 1862,40 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ;
5. Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббӣ:
– мансаби холии мутахассиси пешбари шуъбаи ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кӯмаки фаврии тиббӣ – 1 ҷой. Маош – 2376, 90 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
6. Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– мансаби холии сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 1 ҷой. Маош – 4128, 95 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мансаби холии сармутахассиси шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 1 ҷой. Маош – 2919,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мансаби холии мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 1 ҷой. Маош – 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мансаби холии мутахассиси бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 1 ҷой. Маош – 1862,40 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ.
7. Шуъбаи ҳуқуқ:
– мансаби холии мутахассиси Шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой. Маош – 1862,40 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ;
8. Шуъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус:
– мансаби холии мутахассиси пешбари Шуъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой. Маош – 2376, 90 сомонӣ. Талабот барои довталабон: маълумотӣ олии тиббӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва омӯзгорӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– 2 дона расми 4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бағайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз (оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ);
– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);
– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.
Суроғаи мо: Индекс 734025 ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 69,
Тел: 221-19-59.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассусӣ ба шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


