Вобаста ба ҷараёни маъракаи ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ ҷаласаи корӣ доир гашт

28-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вусъат бахшидани маъракаи ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашт.

Дар ҷаласаи мазкур муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони марказҳои саломатӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷаласаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифтитоҳ намуда, доир ба ҷараёни маъракаи ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, зарурати гирифтани ваксинатсия ва дигар масъалаҳои алоқаманди он баромад кард.

Дар ин замина, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва боз ҳам беҳтар кардани маъракаи ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қазоқистон: Иштироки намояндагони вазорат дар вохурии минтақавии ТУТ

Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз рафти амалисозии  4 барномаи соҳавӣ дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Масчоҳ. Беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ

Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморе, ки кистаи қисми бадани ғадуди зери меъда дошт, амалиёти систогастростомияи эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд

Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Файзобод

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram