Вобаста ба гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати амалишавии лоиҳаи Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” вохурӣ доир шуд

Санаи 12-уми ноябри соли 2025 дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбарияти Агентии мазкур бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифоти хизматӣ ба Тоҷикистон омадааст, баргузор гардид.

Дар вохурӣ, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, менеҷери лоиҳаи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878) Ҷамшед Каримов иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки мақсади ташрифоти гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон-ин гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати раванди амалишавии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” мебошад.

Дар идомаи вохурӣ аз ҷониби директори Агенти давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода доир ба ҷараёни амалишавии қисматҳои дахлдори лоиҳаи мазкур, хусусан оид ба пешравӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ахборот дода шуд.

Зимнан, байни иштирокчиёни вохурӣ саволу ҷавобҳо ва табодули пешниҳодҳо оид ба фаъолияти минбаъда дар соли 2026 сурат гирифт.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаррифии натиҷаҳои тадқиқот оид ба баҳодиҳии сифатии барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ташкилоти “Гендер ва тараққиёт” анҷом дода шудааст, пешниҳод гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search