Вохурӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Имрӯз, 21-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини якуми сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падпалковники адлия Назарзода Икром ва муфатиш оид ба корҳои махсуси Раёсати тафтишотии Агентӣ Машрафзода И. бо роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳадаф ва мақсад аз баргузории вохурии мазкурро ба самъи ҳозирин расонид.

Баъдан, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои боз ҳам ҷоннок намудани пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд баромад карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа ва бо мақсади иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чунин вохуриҳои масъулин бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram