Вохурӣ бо шарикони рушд

Имрӯз, 29-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода вохурӣ бо шарикони рушд, ки дар самти тандурустӣ фаъолият доранд, баргузор гадид.  Вохурӣ бо ташаббуси  лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар доираи  миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Аз ин хотир, дар ин чорабинӣ намояндагони миссияи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла, роҳбари гурӯҳи намояндагони бонк хонум Мирия Шоблум ширкат намуда, андешаву нақшаҳои Бонки ҷаҳониро дар самти тандурустӣ ва ба хусус дар доираи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” иброз дошт.

Дар вохурӣ  сардорони раёсату шуъбаҳои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони  ташкилотҳои байналмилалӣ ва умумиҷаҳонӣ, гурӯҳи техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ширкат доштанд.

Дар ҷараёни вохурӣ сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раъно Раҳимова аз рафти амалишавии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ва нақшаҳои минбаъдаи он маълумоти муфассал дод.

Дар охир шарикон оид ба рушд  фикру дархост ва пешниҳодҳои худро оиди амалишавии босамари ин лоиҳа ва ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search