Вохурӣ бо як гурӯҳ мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

18-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба бо як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон вохурӣ намуд.

Боиси қаноатмандист, ки давоми солҳои охир дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарони сатҳи олии ду кишвар дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш ёфта, ҳоло дар марҳилаи нави рушд қарор доранд.

Аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҷарроҳӣ, табодули таҷриба ва бозомузиии мутахассисони Тоҷикистон дар ин кишвар, ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои муҳими соҳа айни ҳол хуб ба роҳ монда шуда, хушбахтона натиҷаҳои назаррас ба даст омада истодаанд.

Зимни вохурӣ масъалаҳои омӯзишу пажӯҳиши системаи тандурустии мамлакат ва мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, омӯзиши мутахассисон ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гаштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search