Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус

Дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи иштирок дар Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ, ки бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 17 то 19 декабри соли 2025 баргузор гардид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус вохурӣ анҷом дод.

Зимни вохурии кутоҳ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфӯзи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки Саммити мазкур ҳамчун чорабинии сатҳи баланд ба мавзӯи “Барқарор кардани тавозун: Илм ва амалия барои саломатӣ ва некуаҳволӣ” ва ба пешбурди нақши тибби анъанавӣ дар низомҳои тандурустӣ ва рушди фарогир бахшида шуд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search