Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ

16-уми июни соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи тақсимоти мутахассисони ояндадори соҳаи тандурустӣ ба ҷойи кор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳукумати мамлакат соҳаи маориф ва тандурустиро яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, самтҳои мазкур пайваста зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор доранд.

Зикр шуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар бахши тандурустӣ шароити муосири таълим ва кору фаъолияти тиббӣ фароҳам оварда шудааст ва инак вақти он расидааст, ки хатмкунандагони ин даргоҳ донишу маҳорати андухтаи хешро барои халқу Ватан сафарбар намоянд. Ҳамзамон, масъалаи саривақт ҳозир шудан ба ҷойи кор, хизмати содиқона ба халқу зодгоҳ масъалаҳои дигари вохурӣ ҳисобида шуданд.

Дар навбати хеш хатмкунандагон қавл доданд, ки ҳамеша қасами тиббиро пос медоранд, вориси арзандаи Сино будани хешро исбот менамоянд, ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатро эҳтироми самимӣ мегузоранд ва ба халқу миллати куҳанбунёди хеш содиқона хизмат менамоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search