Дар ВМКБ 17 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Одешти деҳоти М.Абдуллоев, Ширговади деҳоти Рованд, Чихохи деҳоти Техарв, дар ноҳияи Рӯшон дар деҳаҳои Пасорви деҳоти Савноб, Аҷирхи деҳоти Басид, Ҷизеви деҳоти Рушон, Емси деҳоти Рушон, Нурвуми деҳоти Назаршо Додхудоев, Бағуи деҳоти Рушон, Шоҳносири деҳоти Назаршо Додхудоев,  дар ноҳияи Шуғнон дар деҳаҳои Шитами  деҳоти Вер, Зувори деҳоти Вер, Чашмасори деҳоти Ванқалъа, Гожаки  деҳоти  Ғарибшо Шаҳбозов, дар ноҳияи Роштқалъа дар деҳаҳои Шохиризми деҳоти Барвоз, Вездараи деҳоти Барвоз, Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дар ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Вогз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Зимни ба истифода додани бунгоҳҳои тиббӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо бунёд ва ба истифода қарор додани  муассисаҳои тандурустӣ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини солимии аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори  мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина, иброз гардид, ки дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии мамлакат дар баробари дигар иншоотҳои таъиноташон гуногун, ҳамзамон муассисаҳои тандурустӣ  низ ба истифода дода мешаванд.

Ба истифода додани чунин бунгоҳҳои тиббии хуштарҳу замонавӣ дар доираи сафари кории  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВКМБ дар дурдасттарин деҳаҳои  вилояти мазкур идомаи иқдому ташаббусҳои наҷиби Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ва таъмини солимии аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ ба шумор меравад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои навбунёди тандурустӣ тамоми шароиту имконоти мусоид, аз қабили таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Дар навбати худ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияҳои мазкурро ба муносибати ифтитоҳи чунин бунгоҳҳои тиббии ҷавобгу ба талаботи замон табрик намуда, иброз доштанд, ки бо ба истифода додани чунин иншоотҳои муосири тандурустӣ минбаъд дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилоят боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

То баргузории форуми сатҳи баланд чанд рӯзи дигар боқӣ монд

“Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда”

Дар вилояти Хатлон оид ба модаршавии бехавф семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Search