Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо

15-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо вохурӣ намуд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нахуст меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, доир ба вазъи бемории гемофилия дар кишвар мухтасар маълумот дод.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  қарор дошта, онҳо аз рӯи имконоти мавҷуда  бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд. Давоми 7 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсис додани ташкилоти мазкур-ин  пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд, ки гемофилҳои  дунё аз ин гуна шиноснома истифода мебаранд. Бартарияти ин шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба  беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кардан  маълумот дода шудааст.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самти боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гемофилия мубодилаи афор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи корӣ бо даъвати Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми октябри соли 2024 президенти Федерастияи умумиҷаҳонии гемофилҳо (ФУГ) ҷаноби Сезар Горридо бори аввал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин сафар ӯро менеҷери ФУГ оид ба мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Карине Качерян,  коршинос- таҳлилгари ФУГ, президенти федератсияи умумирусиягии гемофилҳо Юрии Александрович Жулёв ҳамроҳӣ карданд. Сафари ҳайати Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо ба  Тоҷикистон то 17 октябри соли равон идома меёбад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

То баргузории форуми сатҳи баланд чанд рӯзи дигар боқӣ монд

“Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда”

Дар вилояти Хатлон оид ба модаршавии бехавф семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд

Search