Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

25-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо як гурӯҳ мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Шокуҳ Шаян Пур, нефрологи калонсолони Донишгоҳи тиббии Ҷундишапури шаҳри Аҳваз, Алӣ Имадзаде, нефрологи калонсолони Донишгоҳи тиббии Машҳад Озоди шаҳри Машҳад, Маҳбуба Ҷафарисароӣ, нефрологи кӯдакони Донишгоҳи тиббии Мозандагон ва Заҳро Пурнасирӣ, нефрологи кӯдакони Донишгоҳи тиббӣ ба номи Шаҳид Беҳештии шаҳри Теҳрони ин кишвар вохурӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нахуст  меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Дар  навбати худ меҳмонон доир ба таассуроти хеш аз сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз рафти хизматрасонии тиббии Маҷмааи тандурусти “Истиқлол” ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, натиҷаи даврҳои омӯзишие, ки барои табибони кишвар гузарониданд, ибрози андеша карданд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани нефрологҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон  аз ҷониби мутахассисони эронӣ аз 21 октябри соли равон даврҳои омӯзишии нефрологияи калонсолон ва кӯдакон барои мутахассисони нефрологияи калонсолон ва кӯдакони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва  Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” оғоз гардиданд, ки онҳо то 26 октябри соли равон идома меёбанд.

Дар доираи даврҳои омӯзишӣ мутахассисони эронӣ доир ба роҳу усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои нефрологӣ, дастоварду муваффақиятҳои соҳаи тибби кишвари хеш дар ин самт бо табибони тоҷик мубодилаи маълумот карданд.

Ҳамзамон мутахассисони эронӣ дар муассисаҳои тандурустии болозикр аз рафти табобати  гирифторони бемориҳои нефрологӣ низ дидан ба амал оварданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search