Семинар-машварати омӯзишӣ оид ба бемориҳои сироятӣ

29-уми октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд семинар-машварати омузишӣ бо ҷалби сарҳамшираҳои калони шуъбаҳо, момодояҳо, ҳамширагону вакилони хоҷагирдори таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд баргузор гардид.

Саидов Мирзоҳақдод, мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд оид ба пешгирии бемориҳои сироятии дохили беморхонагӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намуди бемориҳои сироятиву ғайрисироятие, ки ба саломатии ҷомеа хавф доранд, маълумоти муфассал омода ва пешкаши шунавандагон гардонид.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин семинари омузишӣ-ин коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, инчунин баланд бардоштани маърифату малака ва дониши кормандони соҳаи тиб мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Вазъи соҳаи шикастабандии калонсолон ва кӯдакон дар ИДМ баррасӣ гашт

Табиби оламшумул

Озмун дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

“Ҳифзи иҷтимоии маъюбон-самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Search