Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

27-уми ноябри соли равон дар саҳни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошкаву пиёз, сабзӣ, гӯшт, тухм ва ғайра барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор карда шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дидан ба амал оварда, бо кормандони соҳа суҳбат анҷом дод.

Бояд қайд кард, ки нархи маҳсулотҳои зикршуда дар муқоиса ба нархи бозор хеле арзон ва дастрас буданд. Аз ҷумла нархи сабзӣ 1 сомонӣ, картошка 2 сомонӣ, гӯшт 75 сомонӣ, пиёз 1 сомонӣ ва шалғам 2 сомонӣ ба  фурӯш гузошта шуданд.

Ҳамин тавр, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар сохторҳои зертобеи он тавонистанд зимни баргузории ярмаркаи мазкур бо нархи дастрас маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харидорӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram