Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Имрӯз, 6-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар санаи 7 декабр қайд карда мешавад, чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарон, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдор, муҳосибон ва сармуҳосибони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ нахуст муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, кормандони мақомоти молияи кишварро бахшида ба иди касбиашон табрику шодбош гуфт.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки мақомоти молия дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду  инкишоф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Баъдан, Шарифов Зайнулло, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ баромад кард.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома  тақдим карда шуд.

Пешниҳоди барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта анҷомбахши чорабинии идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram