Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Аз 3 то 8 феврали соли 2025 тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, №63 бо мақсади гузаронидани ҷаласаи корӣ ва расонидани кумаки дастурию методӣ ба кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва иҷрои қарори мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2025, № 25 «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025» сафари хизматии директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ», Абдураҳмонзода Зуҳро Хол ба вилояти Суғд анҷом дода шуд.

Дар рафти гузаронидани вохурӣ бо сарҳамшираҳо ва ҳамшираҳои калони муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Суғд аз рўи масъалаҳои этика ва деонтология дар кори ҳамширагӣ, ки бо фармоиши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, №63 тасдиқ гардидааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаҳои корӣ масъалаҳои зерин аз рўи дастури тасдиқгардида баррасӣ гардиданд: «Консепсияи этикаи ҳамширагӣ ва деонтология», «Этикаи ҳамшираи тиббӣ», «Деонтология», «Принсипҳои этикаи тиббӣ барои ҳамшираҳои тиббӣ», «Хусусиятҳои этика ва деонтология дар кори ҳамширагӣ», «Принсипи мукаммалии ёрии тиббӣ (касбӣ)», «Принсипи шафқат», «Муносибати «ҳамшира ва бемор», «Муносибати «ҳамшираи тиббӣ- хешовандони бемор», «Муносибати «ҳамшира ва табиб», «Сабабҳои ихтилофи байни ҳамшираи тиббӣ ва табиб», «Муносибати «ҳамшира бо ҳамшира», «Муносибатҳои «ҳамшираи тиббӣ – кормандони хурди тиббӣ» ва «Ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ ва деонтологӣ».

Бояд қайд намуд, ки чунин вохуриҳо доир ба рушди кори ҳамширагӣ бо масъулини соҳа дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ,  вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар назар аст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search