Имрӯз, 26-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур ду масъала- “Вазъи кӯмак ва хизматрасонӣ ба беморони руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили ҳолатҳои худкушӣ ва суйиқасд ба ҷони худ” ва “Вазъи таҷҳизотҳои тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба мавзуи якуми ҷаласа, яъне “ Вазъи кӯмак ва хизматрасонӣ ба беморони руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили ҳолатҳои худкушӣ ва суйиқасд ба ҷони худ” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои равонӣ Қунғуротов Х.Қ баромад кард.

Тавре зикр гардид, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва табобати беморон, аз ҷумла беморони руҳӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин масъала пайваста кӯшиш ва тадбирҳои зарурӣ андешида, ба ин соҳа аҳамияти калон медиҳад.
Вобаста ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №304-8, аз моҳи июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01-уми июли соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии даст ба ҷони худ задани шаҳрвандон», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», инчунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-марти соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии зуроварӣ дар оила» ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-майи соли 2019, №5-1 гурӯҳии кории вазорат таҳлили сабабҳои худкушӣ ва суйиқасд ба ҷони худро дар солҳои 2015-2021 дар ҷумҳурӣ гузаронида буд.
Ба ин мақсад фаъолияти табибони бемориҳои руҳӣ баҳри пешгирии кушторҳо, суйиқасд ба ҷони худ, муноқишаҳои оилавӣ, вайроншавии оилаҳо дар натиҷаи рашк ва ғарази беасос аз ҳиссиёти авбошӣ, инчунин сабабҳои зуроварӣ дар оила ва даст ба худкушӣ задани одамон, аз ҷумла шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ ва хешовандонашон ҷоннок карда шуда, тибқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017, таҳти №374, фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июли соли 2015, №633/1 «Дар бораи тадбирҳои таҳкими пешгирии амалҳои худкушӣ» дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин дигар сохторҳои соҳаи тандурустӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корбарӣ шуда истодааст.

Доир ба мавзуи дуюми ҷаласа директори Корхонаи воҳидии давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” С. Ҷураев баромад кард.
Гуфта шуд, ки КВД “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” аз моҳи марти соли 2024 то ин ҷониб бо 129 муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои хизматрасонии профлактикӣ ва таъмири таҷҳизотҳои тиббӣ шартнома ба имзо расонидааст.
Дар давоми соли 2024 ба 72 муассисаҳои соҳавӣ корҳои таъмир ва профлактикӣ гузаронида шуда, ҳамзамон қисмҳои эҳтиётӣ ва маводҳои масрафшаванда харидорӣ ва дастрас гардидаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин гардида истода ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тибқи талаботи замон ба роҳ монда шуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки КВД «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ» ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳа барои баланд бардоштани сатҳ ва савияи дониши мукаммали истифодабарандагон (табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, муҳандисон ва техникон) аз дастурҳои Дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии самараноки таҷҳизотҳои тиббӣ семинар ва курсҳои омӯзишии кутоҳмуддати давравӣ гузаронида истода аст.
Давоми ду соли охир аз тарафи маркази номбурда ва шарикон оид ба рушд барои кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони муассисаҳои тиббии беморхонаҳои вилоятӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва марказҳои саломатӣ, аз ҷумла табибон, ҳамшираҳои тиб, техникҳо, лаборантҳо, мудирони шуъбаҳои таваллудхонаҳо ва марказҳои перинаталӣ семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар охир оид ба мавзуъҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.
