Интихобот-кафили фардои дурахшони Ватан

Дар участка ва ҳавзаҳои интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд, аз субҳи содиқи имрӯз, 02 марти соли равон шаҳрвандони мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ташриф оварда, ба номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.

Қобили зикр аст, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар участка ва ҳавзаҳои интихоботии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихобкунандагон тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуд.

Дар рафти баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ нозирони байналмилалӣ низ ба ҳавза ва участкаҳои интихоботии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо раванди интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз наздик шинос гаштанд.

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди овоздиҳӣ ба интихобкунандагон дар участка ва ҳавзаҳои интихоботии вазорат ҳуҷраи модар ва кӯдак ташкил карда шуд.

Дар маҷмӯъ, аз шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавза ва участкаҳои интихоботии вазорат то соати 17:25-и 02 марти соли 2025 80,2 фоиз дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.

Дар воқеъ, интихобот кафили фардои дурахшони Ватани азизамон ба шумор меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search