Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Санаи 3-юми марти соли равон ҷаласаи маҷозии гурӯҳи экспертии таҳияи лоиҳаи Низомномаи ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соҳаи гематология доир гардид.

Дар ҷаласаи онлайнӣ намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва кормандони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба тариқи маҷозӣ сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Х.Б, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев З.Н., сармутахассисони соҳавии вазорат оид ба гематология, оид ба трансфузиология ва кормандони кафедраҳои алоқаманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини директори Департаменти ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсат, иҷтимоӣ ва гуманитарии Кумитаи иҷроияи ИДМ Рашидов Х.С. оғоз намуд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии трансфузиология ва биотехнологияҳи тиббӣ”, сармутахассиси ғайривоҳиди Вазорати тандурустии Белорусия оид ба трансфузиология Карпенко Ф.Н. раисикунандаи ҷаласа интихоб гардид ва иштирокчиёни ҷаласаи гуруҳи экспертӣ рӯзнома ва регламенти ҷаласаро тасдиқ намуданд.

Баъдан, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои пешниҳоду эродҳо ба Низомномаи ташкилоти заминавӣ дар соҳаи гематология, мувофиқасозии лоиҳаи Низомнома, мувофиқасозии лоиҳаи Қарори шӯрои иқтисодии ИДМ ва мувофиқасозии протоколи ҷаласаи гурӯҳи экспертӣ баррасӣ гаштанд.

Дар идома бо пешниҳоди директори “Маркази миллии тиббии тадқиқотии гематология”-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия дар банди 1,3-и Низомнома тағйирот ворид гардида, он аз ҷониби иштирокчиён пазируфта шуд. Бо назардошти муҳокимаҳо, коршиносон лоиҳаи Низомномаи ташкилоти заминавӣ дар соҳаи гематология ва қарори шӯрои иқтисодии ИДМ-ро аз рӯи масъалаи мазкур коркард ва мувофиқа намуданд.

Ҳамин тариқ, “Маркази миллии тиббии тадқиқотии гематология”-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ҳамчун ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соҳаи гематология тасдиқ гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search