Иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода дар 7-умин Саммити глобалии вазирон оид ба бехатарии беморон

3 апрели соли равон дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин 7-умин Саммити глобалии вазирон оид ба бехатарии беморон баргузор мегардад, ки дар он ҳайти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок дорад.

Бояд гуфт, ки ҳадафҳои чорабинии мазкур ба фароҳам овардани заминаи стратегӣ барои беҳтар намудани шабакаҳои тандурустӣ, инчунин ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва вазирони тандурустии онҳо бахшида шудааст.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои зерин: “Арзёбии пешрафти кунунӣ, муайян намудани ҳадафҳои барномаи (GPSAP 2021-2030) ва муайян кардани қадамҳои минбаъда барои пешрафт”, “Фароҳам овардани шароит барои вазирони давлатҳои узв барои муҳокимаи самтҳои афзалиятноки асосии бехатарии беморон ва ҳамзамон омӯхтани стратегияҳо ва усулҳои ҳалли масъалаҳои бехатарии беморон”, “Баррасии ҳамбастагии бехатарии беморон бо чолишҳои глобалии падидомада, ба монанди тағйирёбии иқлим, кумаки аввалия ва амбулаторӣ, ҷалби беморон ва бехатарии ташхис” ва “Таҳкими шабака ва робитаҳо дар байни ҷонибҳои манфиатдор барои пешбурди амнияти беморон” мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд.

Дар маҷмуъ, иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд ба рушди дуҷониба ва бисёрҷонибаи муносибатҳои судманди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search