Фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар се моҳи аввали соли 2025 натиҷагирӣ шуд

Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатзода Х.Б., Сироҷиддинзода И.С., Набизода З.Н ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи аввали муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар санаи 12-уми апрел дар ноҳияи Нуробод (минтақаи Рашт) ва санаи 16-уми апрели соли равон дар ноҳияи Рудакӣ (ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе) баргузор гардиданд, ки дар онҳо роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр низ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ натиҷаи фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ баррасӣ гардида, аз ҷумла аз ҷониби масъулини вазорат супориш дода шуд, ки дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан ба табақаҳои ниёзманд, кӯдакон ва занони ҳомиладор корҳо боз ҳам ҷоннок карда шаванд. Ҳамзамон мутахассисони тиббӣ саривақт аз такмили ихтисос гузашта, савияи дониш ва малакаи касбию амалии хешро баланд намоянд. Инчунин масъалаҳои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ низ баррасӣ гардиданд.

Дар идома масъулини вазорат аз шӯъбаҳои табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Рудакӣ дидан намуда, бо фаъолияти шӯъбаҳои беморхона ва пешравиҳо дар самти ободонию сабзгардонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва таъминотнокӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббии он шинос шуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаҳо дар фарҷом вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд

Дар Урдун оид ба масъалаҳои тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ семинари дурӯза доир гашт

Ифтитоҳи маҷозии 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистон дар шаҳри Истаравшан

Дарсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон

Конгресси байналмилалии “Терапия ва тибби профилактикӣ” ба таври маҷозӣ доир гашт

Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026

Search