Дар мавзӯи “Ҳамгироии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба саҳми муайяншудаи миллӣ” мизи мудаввар доир гашт

ДАР МАВЗӮИ “ҲАМГИРОИИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БА САҲМИ МУАЙЯНШУДАИ МИЛЛӢ” МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАШТ

6-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамгироии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба саҳми муайяншудаи миллӣ” мизи муддавар доир гашт, ки дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинахуҷа Саидов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки омӯзиш ва муҳокимаи ҷанбаҳои муҳимтари интегратсияи муҳофизати иҷтимоӣ ба саҳми муайяншудаи миллӣ, бо назардошти сиёсати мувофиқашуда, иҷрои амалӣ, маблағгузорӣ ва тарғиб ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки мизи мудаввар қадами аввалини раванди васеи машваратӣ мебошад ва дар қадами дигар пешниҳодҳои хаттӣ аз ҳамаи иштирокчиён ҷамъоварӣ мегардад. Бо баррасӣ намудани масъалаҳои муҳим, ҳадафи асосӣ ба ташкили замина оид ба таҳияи чораҳои босамари ҳамгироии ҳифзи иҷтимоӣ ба стратегия оид ба тағйири иқлим ва коҳиши хатари офатҳо арзёбӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки ҳифзи шаҳрвандони кишвар, махсусан аз хисороти офатҳои табиӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҳамасола вобаста ба ин масъала тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, дар фаслҳои гуногуни сол ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ- зилзила, обхезӣ, сел, ярч -кӯчиши замин, тармафароӣ ва сангрезӣ рух медиҳанд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири ҷиддӣ расонида, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтори хизматрасонӣ ва хисороти ҷиддӣ гардида, ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъсир мерасонад.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногуни мавзӯи мазкур маълумот пешниҳод карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search